< ҶИНОЯТ ДАР ДОХИЛИ ҶИНОЯТ: БОЗДОШТИ ДУ ҒОРАТГАР ДАР НОҲИЯИ СИНО » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҶИНОЯТ ДАР ДОХИЛИ ҶИНОЯТ: БОЗДОШТИ ДУ ҒОРАТГАР ДАР НОҲИЯИ СИНО

ҶИНОЯТ ДАР ДОХИЛИ ҶИНОЯТ: БОЗДОШТИ ДУ ҒОРАТГАР ДАР НОҲИЯИ СИНО
Мақомоти РВКД Душанбе аз боздошти ду ғоратгар дар ҳудуди ноҳияи Сино хабар доданд. Сокини деҳаи Гулбутта Эҳсони Рустами 19-сола, ки соли 2016 барои дуздӣ суд шуда буд, ин дафъа ба ғоратгарӣ айбдор мешаванд. Ӯ моҳи август аз гардани як зани рус гарданбанди тиллояшро бо зӯрӣ гирифта, фирор кардааст. Комрон Раҳимов, сокини 32-солаи кӯчаи Фирдавсӣ бошад, низ бо роҳи зӯроварӣ телефони мобили шаҳрванд Олег Брикмансро ба яғмо бурдааст. Сардори РВКД Душанбе генерал Шариф Назарзода дар як мулоқот бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Сино аз сатҳи баланди ҷинояткорӣ дар ин ноҳия изҳори ташвиш кард.

Ҷиноят дар дохили ҷиноят: Боздошти ҷавони ғоратгар дар ноҳияи Сино
 
 
Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо фаъолияти шабонарӯзӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин намуда, бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебаранд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи амалӣ намудани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Эҳсони Рустам, санаи таваллудаш 28-уми июни соли 2000-ум, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Гулбутта, ки барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешуд, дастгир гардид. Гарчанде номбурда соли 2016 бо ҷурми содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, ин навбат боз даст ба ҷинояти аз он ҳам вазнинтар яъне ғоратгарӣ зада, санаи 7-уми августи соли ҷорӣ дар назди бинои 187/1 кӯчаи Борбади ш.Душанбе аз гардани шаҳрванд Кирилова Александра Николаевна бо тариқи ошкоро як адад гарданбанди тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Номбурда бо содир намудани ин амали ҷиноятиаш ба ҷабрдида 17-ҳазор рубли русӣ зарари калони молиявӣ расонид.
Айни ҳол нисбати номбурда бо моддаи 248 (ғоратгарӣ)-и КҶ ҶТ парванди ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда Эҳсони Рустам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки агар аз ин нафар ҷабр дидаанд, метавонанд ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

 
Боздошти ғоратгари навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино
Дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҳимов Комрон Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 25. 05. 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ дастгир карда шуд, ки дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад.
Номбурда моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Гипрозем қарор доштанаш телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Галакси А-7», ки 2400-сомонӣ арзиш доштааст, ошкоро бо тариқи зуроварӣ аз дасти шаҳрванд Брикманс Олег Янович, соли таваллудаш 1987 тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ва ҷамъоварии далелҳои тафтишотӣ ҷинояти содирнамуда аз ҷониби гумонбаршуда тасдиқи худро ёфтааст, ки нисбаташ айни замон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки агар аз ин нафар ҷабр дидаанд, метавонанд ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Нигаронӣ аз вазъи ҷиноятсодиркунӣ дар ноҳияи Сино: баррасӣ ва чораҳои пешгирӣ

Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои дар суханрониҳои расмӣ баённамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва иҷроиши дастуру супоришҳо ва Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва пеш аз ҳама пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар пойтахти кившар шаҳри Душанбе дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев мулоқот ва суҳбати озод баргузор гардид.
Дар мулоқот муовинони раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Гуреззода Умед, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло ва роҳбарону намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судии ноҳияи Сино, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, маориф ва дин, роҳбарони муассисаҳои хизматрасонӣ ва кумитаи маҳал дар ноҳияи Сино ширкат намуданд.
Дар мулоқот нахуст муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон шаҳри Душанбе то рафт зебову шукуфон гашта, ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагонии осоиштаро фароҳам овардааст.
Дар идомаи мулоқоти мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо нишон додани тасвир-слайдҳо оид ба сабабу омилҳои афзоши ҷинояткорӣ дар ноҳияи Сино суханронӣ намуда, зикр дошт ки аксари ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ва кирдорҳои зиддиҳуқуқии таъсири васеи ҷамъиятидошта маҳз дар ҳудуди ноҳияи Сино содир шуда, сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, махсусан хонандагони муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино назар ба дигар ноҳияҳои пойтахт тамоюли зиёдшавӣ дошта, вазъи мазкур ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонанд.

Сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчунин оид ба содиршавии ҳар як котегорияи ҷиноят дар алоҳидагӣ бо овардани факту дилелҳо аз рафти тафтишот ҳарф зада, аз масъулини мақомотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори ноҳияи Сино даъват ба амал овард, то ки дар пешгирии ҳодисаҳои нангин аз қабили муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ бо истифода аз силоҳи сард тавассути баргузор намудани чорабиниҳои пешгирикунанда дар ҳудуди ноҳияи Сино саҳми худро гузоранд.
Мавзӯи дигари меҳварӣ, ки дар мулоқот баррасӣ гардид ин вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дарёфи роҳҳои ҳалли он, пешгирӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон буд, ки бино ба иттилои роҳбарияти мақомоти милитсия вазъияти ҷиноятсодиркунии ноболиғон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино низ то ҷое ташвишовар боқӣ мондааст.
Тибқи таҳлилҳои мақомот надоштани дониш, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, дур мондан аз назорати волидайн боис ба он мегардад, ки ҳатто хонандагон ба одитарин кирдорҳои зидиҳуқуқӣ даст зада, пайроҳаи бадномкунандаи ҷиноятро ихтиёр менамоянд. Дар баромад таъкид гардид, ки чунин тарзу рафтори муносибати ноболиғон - падару модар, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигиро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ диҳанд.
Сипас сардори мақомоти милитсияи пойтахт Шариф Назарзода дар суханрониаш аз тамоми масъулин ва падару модарон даъват ба амал овард, ки назоратро аз болои ноболиғон дурусттар ба роҳ монда, нагузоранд ки фарзандони онҳо ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, аз ҷумла корду кастет ва дастчубҳои оҳанину чубинро бо худ гардонанд. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ аз беназоратии се табақа: волидайн, ҷомеа ва омӯзгор аксари наврасону ноболиғон ҷиноятро бо корду дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард муаррифишаванда содир мекунанд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои авбошӣ, ҳаракатҳои майдаавбошона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои ҷинсии сироятшаванда ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон суханронӣ карда шуда, бо овардани факту далелҳо аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ расму наворҳои пешгирикунанда намоиш дода шуданд.
Тавре дар вохӯрии мазкур иттилоъ дода шуд, баъди таъсиси гурӯҳи фаври-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷалби кормандони ботаҷриба фаъолияти он дар ноҳияи Сино ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби гурӯҳи мазкур тамоми ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини дар ноҳия содиршуда ошкор карда шуданд. Ба иттилои масъулини мақомоти милитсия имрӯзҳо донишу маҳорат ва малакаи касбии кормандони милитсия басанда аст, ки аз ухдаи кушоданамоии ҷиноятхо бароянд, вале афзоиш ва маҳбасшавии ҷавнон мақомоти милитсияро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ мебояд дар якҷоягӣ бо дигар табақаҳои ҷамъиятӣ пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот иброз гардид, ки баргузории чунин вохуриву суҳбатҳои озод ҷиҳати баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ ва пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мусоидат намуда, метавон дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо баргузории чорабиниҳои профилактикӣ пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа гирифта шаванд.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

 

Комментарии (0)

Оставить комментарий