< Чемпионати Осиё-2020: Тоҷикистон дар бозӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Малдив бо ҳисоби 9:0 ғалаба кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чемпионати Осиё-2020: Тоҷикистон дар бозӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Малдив бо ҳисоби 9:0 ғалаба кард

Чемпионати Осиё-2020: Тоҷикистон дар бозӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Малдив бо ҳисоби 9:0 ғалаба кард
Шоми  дирӯз  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи  мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон бозии нахустини хешро дар ба гурӯҳи «С» ба муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони  Малдив баргузор намуда, ба дарвозаи ҳарифи хеш 9 голи беҷавоб зад. 

Бозӣ аз аввал то анҷом пурра дар дасти футболбозони тоҷик буд, ки аз фурсати муносиб истифода карда, 9 маротиби тӯбро вориди дарвозаи рақиби хеш  намуданд. Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби  ҷавонони яккачини то 19-солаи Тоҷикистон  бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19- соларо бо ҳисоби калон оғоз намуд.

Футболбозони ҷавонони  тоҷик  бозии дуюми худро  4  октябр ба муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони  Лубнон доир мекунанд.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 19-сола

Гурӯҳи «С». Бозии даври  1-ум
Тоҷикистон– Малдив – 9:0
 Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Ибраҳим Дхаисам, 76 – (худгол) (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).

Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола
Гурӯҳи «С»
Бозиҳои даври 1-ум
2 октябр (чоршанбе)
16:00. Сурия 1:1 Лубнон
19:00. Тоҷикистон 9:0 Малдив

Бозиҳои даври  2-юм
4 октябр (ҷумъа)
16:00. Малдив – Сурия
19:00. Лубнон – Тоҷикистон

Бозиҳои  даври  3-ум
6 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон – Малдив
19:00. Тоҷикистон – Сурия

Ёдовар  мешавем, ки макони баргузории марҳилаи ниҳоии Чемпионати  Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, он гоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.

Таркиби гурӯҳҳои қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то  19-сола:

Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фаластин, Кувайт, Покистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.
Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.

Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.
Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.

Комментарии (0)

Оставить комментарий