
30.09.2019 ба ШВКД-и ш.Хоруғ гузориши нозири ШБДА ШВКД дар ш.Хоруғ прапоршики милитсия Нодирзода Б. ворид гардид, ки шаби 20.09.2019-сол тахминан соати 01:00-дақиқа ҳангоми адои хизмат дар дидбонгоҳи ШБДА, воқеъ дар сероҳаи ш.Хоруғ ронандаи а/м тамғаи «ВАЗ 2107», бе рақами қайди давлатӣ ба талаботи кормандони милитсия оид ба боздошти а/м итоат накарда, баръакс суръати ҳаракати нақлиётро баланд намуда а/м-ро ба тарафи кормандони милитсия ҳай карда, бо чархи пеши а/м-и мазкур пойи чапи корманди ДТММ ВКД ҶТ Сафаров Ҳикматулло Турдимуродовичро зер карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа Нодирзода Б. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гардидааст. Санаи 27.09.2019-сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Илчебеков Мухтор Қадамалиевич 1984 с/т, истиқматкунандаи ш.Хоруғ, кӯч. Киров х.3 дастгир карда шуд.
Комментарии (0)