
29.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Эгамбердиева Фарзона Қосимовна 1989 с/т, истиқматкунандаи ҷ/д Исмоил, деҳ. Дӯстӣ, миллаташ тоҷик дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи апрели соли 2019 дар дӯкони самбӯсапазии шаҳрванд Юсуфов Абдураҳмон Абдувоҳидович 1985 с/т, истиқматкунандаи ҷ/д Унҷӣ, кӯч. Т.Усмонов х.29, миллаташ тоҷик, соҳибкор, воқеъ дар суроғаи ҷ/д Исмоил, деҳ.Қизил-Юлдуз, ба кор даромада, баъдан бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст. Санаи 23.09.2019-сол тахминан соати 15:00-дақиқа шаҳрванд Эгамбердиева Ф.К. бо таҳдиди додани маълумоти бардурӯғ, ки гӯё шаҳрванд Юсуфов А.А. бо роҳи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ 20.000-сомонӣ талаб карда гирифтааст. Нисбати шаҳрванд Эгамбердиева Ф.Қ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)