РОНАНДАИ ФИРОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ДАСТГИР ШУД
Рӯзи 24-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нива-Шевролет», рақами қайди давлатиаш 933ХА01, Раҷабов Раҳмонқул, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат намудан аз самти бозори ҶДММ «Нихӣ», дар роҳи мошингард бехатарии ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагард Гулмуродов Сангалӣ, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ба саломатияш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии дараҷаи вазнин бардошта, дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов бистарӣ гардидааст.
Ронанда Раҷабов Раҳмонқул дидаву дониста пиёдагард Гулмуродов Сангалиро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок гузошта, ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур сохтани худ аз кормандони милитсия паноҳҷӯӣ намуда, мехост қисмҳои эхтиётии осебдидаи воситаи нақлиёташро иваз карда, нишонаҳои ҷиноятро нест намояд. Дар рафти бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Раҷабов Раҳмонқул дар як муддати кӯтоҳ дастгир карда шуд.
Нисбати номбурда дар ШВКД шаҳри Бохтар бо аломатҳои моддаи 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)