ДАСТГИР ГАРДИДАНИ НОБОЛИҒ БО ҶУРМИ ДУЗДӢ
Ба мақомоти милитсия дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 27-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 13:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Астра”, ки дар канори роҳи мошингузари кӯчаи Даминзода беназорат меистод, 3700-сомонӣ, 1-адад корти хотира, 1-адад айнак ва 2-адад корти пластикии бонкиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Роҳи Оҳани шаҳри Кӯлоб, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)