ҚАСДИ КУШТОРИ ҲАМСАР АЗ САБАБИ РАШК
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Кӯлоб марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.Номбурда, рӯзи 30-юми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 13 ба 14:00, ҳангоми дар гулгашти боғи навбунёди ба номи "С.Вализода”, воқеъ дар кӯчаи Н.Абдулҳақови ҳамин шаҳр қарор доштанаш, аз сабаби рашк бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳамсараш, зани 27-сола, бо корд 11-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)