< Пойдевор аз тоҷикон - плита аз қирғизҳо: сохтани пул дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пойдевор аз тоҷикон - плита аз қирғизҳо: сохтани пул дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Пойдевор аз тоҷикон - плита аз қирғизҳо: сохтани пул дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Овчи Қалъачаи Тоҷикистон ва Қулудаи Қирғизистон пули нав сохта ба истифода дода мешавад

 Имрӯз дар марзи баҳсии Тоҷикистону Қирғизистон пули "дӯстӣ" ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.


Ҷониби Тоҷикистон барои сохтмони пул 75 ҳазор сомонӣ ва Қирғизистон 4 миллиону 800 сом масраф намудааст.
Дарозии пул 12 метр ва бараш 8 метрро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Sputnik Тоҷикистон, пойдевори пулро ҷониби Тоҷикистон ва плитаҳои болои онро тарафи Қирғизистон сохтаанд.

Дар маросими ифтитоҳи пул раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва губернатори вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ширкат хоҳанд кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий