САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
28.09.2019 тахминан соати 13.10-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «ДЭУ-Дамас», р/д ТҶ 07-87 КО/02 шаҳрванд Орифов Қаҳрамон Абдунуъмонович 1991 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи н.Спитамен, ҷ/д Сарбанд, кӯч. Эшмуродов х.32, ҳангоми ҳаракат кардан бо роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Бӯстон-Чанок», дар 288-ум километри ҳудуди ҷ/д Деҳмой бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрони ноболиғ, Тошев Хуршед Турсунбоевич 2004 с/т, миллаташ ӯзбек, хонандаи синфи 9-уми МТМУ №14, истиқоматкунандаи ҷ/д Деҳмой, кӯч. Қушмуродов х.33-ро пахш намудааст. Дар натиҷа велосипедрони ноболиғ, Тошев Х.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст. 27.09.2019 тахминан соати 09.30-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Портер», р/д ТҶ 35-50 КА/02 шаҳрванд Дадобоев Шодибой Ширинович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Сабристон, деҳ. Руғунд, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди деҳ. Қалъачаи гули зард, ҷ/д Пошкен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Ҳабибҷони Парвиз 2018 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, деҳ. Равғангарон-ро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, Ҳабибҷони П. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД
Комментарии (0)