
23.09.2019 сол тахминан соати 20.00 дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Вектра”, р/д 52-02 ВН/08 шаҳрванд Солеҳов Шодмон Сайдалиевич 1991 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Б.Бурунов, деҳ. Гирдоб, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Ваҳдат дар ҳудуди ҷ/д Гулистон, деҳ. Мавлавии н.Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст. Дар натиҷа ронанда шаҳрванд Солеҳов Ш.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ш.Душанбе ба ҳалокат расидааст. Инчунин, мусофири дар дохили а/м буда, шаҳрванд Саъдуллоев Сунатулло Ғайбуллоевич 1997 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Б.Бурунов, деҳ. Нурофа ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ш.Душанбе бистарӣ гардидааст.
Комментарии (0)