Боздошти корманди ВУД Тоҷикистон: 30 ҳазор доллар танҳо барои як парванда

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мублориза бо коррупсия аз боздошти як корманди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳинни гирифтани 30 000 доллар ришва ба даст афтодаст
Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии мубориза бо фасод, Саидов Анвар Шарифович ба ҳайси корманди Хадамоти давлатии муҳофизаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кор мекард.
Номбурда барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз ӯ 30 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудаст.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Саидов моҳи августи соли равон бо воситаи миёнарав Болтаев Болтухон аз шаҳрванд "А" барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданаш маблағи 30 000 доллари амрикоӣ пора талаб кардааст.
Гуфта мешавад, корманди ВУД Тоҷикистон, Саидов Анвар аснои гирифтани маблағ дар ҳаҷми 15 000 доллар ба даст афтодаст.
Агентии мубориза бо фасод мегӯяд, оиди ҳолати мазкур нисбати Саидов ва Болтаев тибқи моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаст.
Феълан тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Комментарии (0)