< Бояд шаҳид мешудам: нақли навраси тоҷик аз урдугоҳи Сурия » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бояд шаҳид мешудам: нақли навраси тоҷик аз урдугоҳи Сурия

Бояд шаҳид мешудам: нақли навраси тоҷик аз урдугоҳи Сурия
Навраси тоҷикро дар яке аз удругоҳҳои Сурия ёфтаанд. Маълум шудааст, ки ӯ дар қатори терористон ҷангидааст

Рӯзноманигорони CNN дар Сурия навраси тоҷикро ёфтаанд, ки падару модараш ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДОИШ (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) будаанд.

Гузориши видеоии рӯзноманигорони CNN дар Facebook нашр шудааст.

Inside a forgotten refugee camp in Syria, ISIS wives and widows are grooming the revenge generation

"This place is a ticking time bomb." Al-Hol is a sprawling encampment for those displaced from the former ISIS territory in northeastern Syria, and as living conditions worsen, nostalgia for ISIS’ rule is beginning to brew. CNN’s Arwa Damon goes inside to see how families of ISIS members, shunned by the international community, are trying to bring their fundamentalist utopia back to life.

Geplaatst door CNN op Dinsdag 17 september 2019


Рӯзноманигорон навраси тоҷикро дар яке аз урдугоҳҳо ба унвони Ал-Ҳол ёфтаанд. Ин ҷо онҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки аз манотиқи таҳти назорати гурӯҳи тундрави ДОИШ, ба шимолу-шарқи Сурия оварда шудаанд.

Маълум шудааст, ки навраси 15-солаи тоҷик низ узви гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ будааст. Ӯ ба рӯзноманигорон нақл кард, чигуна ба ӯ бомб, силоҳ ва камарбанди шаҳидӣ додаанд ва чӣ сон бояд дар бошгоҳи амрикоӣ, худро метарконд.

Ёдрас мешавем, ки пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дода буд, ки беш аз 550 нафар тоҷикон дар урдугоҳҳои гурезагон дар Сурия қарор доранд. Аз ин шумор 86-зан, 228 - духтарони наврас ва 240 писарон мебошанд.

Сиёсатмадор гуфта буд, ки бонувон занони мардони тоҷик мебошанд, ки дар сафи гурӯҳи тундрави ДОИШ ҷангидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий