< Мунтахаби Тоҷикистон пешсаф аст: тими Кувайтро бо ҳисоби калони 9:0 мағлуб намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мунтахаби Тоҷикистон пешсаф аст: тими Кувайтро бо ҳисоби калони 9:0 мағлуб намуд

Мунтахаби Тоҷикистон пешсаф аст: тими Кувайтро бо ҳисоби калони 9:0 мағлуб намуд
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ғалабаи дуюми пайиҳамро дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "А" ба даст оварданд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ин навбат ҳам рақибони худро бо ҳисоби калон мағлуб намуданд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Агар футболбозони тоҷик тими Шри Ланкаро бо ҳисоби 8:0 мағлуб намуданд, дар бозии навбатӣ бо дастаи Кувайт мусобиқаро бо ҳисоби 9:0 ҷамъбаст намуданд.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон, Кабир Салимшоев ва Абдулфатоҳ Худойдодзода дуголӣ, Муҳаммадворис Сайдалиев, Сунатулло Азизов, Меҳрубон Каримов, Хусрав Тоиров якголӣ заданд. Як тӯби дигарро худи кувайтиҳо вориди дарвозаашон карданд.

Зимнан, дар бозии дигари гурӯҳ мизбони бозиҳои гурӯҳи "А" мунтахаби наврасони Урдун бар тими Шри Ланка бо ҳисоби 7:0 ғолиб омад.

Ҳамин тариқ, баъд аз се давр дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо шашхолӣ пешсафанд.

Фардо – 20 сентябр дар даври чоруми марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "А" футболбозони тоҷик муқобили ҳамсолонашон аз Непал вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ – соати 22:00 бо вақти Душанбе. 

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий