
17.09.2019 шаҳрванд Бобоев Беҳрӯз Ҳайётуллоевич 1999 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи шаҳраки Суғдиён, деҳ. Меҳробод ба ШВКД ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намуд, ки санаи 25.08.2019 сол тахминан соати 10.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон 30.010-рубли ФР-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Кабирова Сангинмо Давлаталиевна 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, зодаи н.Восеъ, истиқоматкунандаи н.Мастчоҳ, ҷ/д Суғдиён, деҳ. Меҳробод, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ қисман гирифта шуд. Нисбати шаҳрванд Кабирова С.Д. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ. 2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)