
18.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шарифов Хуршед Худоёрович 1981 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ\д Яккатут, деҳ. А.Сурх, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Носиров Нурмуҳаммад Заябиддинович 1969 с\т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, санаи 31.03.2014 сол аз филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, воқеъ дар н.А.Ҷомӣ дар шахсияти шаҳрванд Бақиев Шералӣ Муродович ва дар зоминии Носиров Н.З. бо баҳонаи ривоҷ додани фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 150000-сомонӣ ба муҳлати 12-моҳ шартномаи қарзӣ ба имзо расонида, маблағи гирифтаашро ғайримақсаднок истифода намудааст. Бо ин кирдорашон ш-ндон; Шарифов Х.Х. ва Носиров Н.З. тибқӣ санади муқоисавӣ аз 26.08.2019 сол ба филиали ҶСК-и мазкур дар маҷмуъ ба маблағи 861631-сомонӣ ба миқдори махсусан калон зарар расонидаанд. Нисбати ш-ндон, Шарифов Х.Х ва Носиров З.С парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ-3 банди “б” КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)