ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр сония мевазад.Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва баъзан 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)