"Муъҷизаи рақс" - и тоҷикон дар Узбакистон

Раққосаҳои тоҷик дар Ҷашнвоари байналмилалӣ дар шаҳри Хиваи Узбакистон ҳунари рақсии мардуми тоҷикро муаррифӣ карданд
Рӯзи 14 сентябр дар шаҳри Хиваи Узбакистон Ҷашнвораи байналмилалии "Мӯъҷизаи рақс" ифтитоҳ ёфт.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҷашнвора дар радифи намояндагони 20 давлати ҷаҳон ва гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми минтақаҳои Узбакистон Ансамбли рақсии "Зебо"-и шаҳри Хуҷанд иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҷашнвора аз ҷониби Вазорати фарҳанги Узбакистон, Кумитаи давлатии рушди туризм, ҳукумати вилояти Хоразм ташкил гардидааст.
Дар доираи чорабинӣ барномаҳои консертӣ ва намоишҳои театронидашуда, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва хӯроки миллии Хоразм баргузор гардиданд.
Манбаъ афзуда, ки шоми имрӯз, яъне 16 сентябр ҷамъбасти ботантанаи ҷашнвора бо баргузории гала-консерт дар назар аст.
Комментарии (0)