
07.09.2019 сол дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Рустамов Тоҷиддин Маҳмадуллоевич 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Левакант, ҷ/д Гулистон, деҳ. Баҳодурон, аз сарчашмаи номаълум 150-кг шираи камолро дастрас намуда, онҳоро дар 13-адад зарфҳои пластмасини 20-литра ҷойгир карда, дар манзили истиқоматии додарарусаш шаҳрванд Ҷӯрабеков Фарҳод Нураллиевич, воқеъ дар ш.Левакант, ҷ/д Гулистон, деҳ. Баҳодурон, ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст. Санаи 06.09.2019 сол тахминан соати 17:35 дақиқа зимни азназаргузаронӣ манзили истиқоматии шаҳрванд Ҷӯрабеков Ф.Н. 13-адад зарфҳои пластмасини 20 литра, ки дар дохилашон пур аз маводҳои бадбуйи рангашон сафеду зардчатоби ба монанди маводи шираи камол, ки ба шаҳрванд Рустамов Т.М. таллуқ дошт, номбурда ин маводҳоро ба мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан дар онҷо ғайриқонунӣ нигоҳ медошт дарёфт карда шуд. Тибқи хулосаи пешниҳоднамудаи экспертизаи кимиёвию фармасевтии Сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳоли дар вил. Хатлон маводҳои аз манзили истиқоматии шаҳрванд Ҷӯрабеков Ф.Н. дарёфт карда шуда, ба маводи шираи камоли бадбуй мансуб буда дар маҷмӯъ вазни холисаш 150 кг-ро ташкил медиҳад. Нисбати шаҳрванд Рустамов Т.М. аз тарафи ШТ ШВКД бо моддаи 234 иловаи 1
қ-2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)