< ҲОДИСАИ НОХУШ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАИ НОХУШ

ҲОДИСАИ НОХУШ
08.09.2019 тахминан соати 11.20-дақиқа хурдсол, Файзуллоев Билолиддин Беҳзодович 2017 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Пахтаобод, деҳ. Султонобод ҳангоми дар дохили ошхонаи манзили истиқоматиашон бозӣ карданаш оташдони газӣ ба болояш афтидааст. Дар натиҷа хурдсол, Файзуллоев Б.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

08.09.2019 тахминан соати 03.30-дақиқа шаҳрванд Абдуғаффоров Абдусабур  Абдусатторович 1971 с/т, истиқоматкунандаи ш.Исфара, кӯч. Коммунизм х.б/р, миллаташ тоҷик, ҳангоми моҳидорӣ аз заҳкан, воқеъ дар ҳудуди заминҳои хоҷагии бригадаи №39-и ш.Конибодом, аз беэҳтиётиаш шасти  моҳидории оҳанинаш ба ноқили барқии баландшиддат расида, аз таъсири ҷараёни қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий