САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
07.09.2019 тахминан соатҳои 17.55-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Опел-Астра», р/д 37-29 СЕ/02, шаҳрванд Маллаев Одилҷон Толибович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Истиқлол, деҳ. Бофанда ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳ.Свердлов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол, Мирзоев Фирӯзшо Фаррухович 2016 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Истиқлол, деҳ.Свердловро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, Мирзоев Ф.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 08.09.2019 тахминан соатҳои 16.00 дақиқа ронандаи трактор тамғаи “Т-28х4” бо ядакаш бе р/д, таҳти идораи шаҳрванд Гурезов Раҷабалӣ Назришоевич 2000 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯи соли 2-юми коллеҷи энергетикии н.Ҷ.Балхӣ, истиқоматкунандаи ҷ/д К.Сайфуддинов, деҳ. Селга, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат аз самти заминҳои х/д Селга ба самти маркази деҳ. Селга аз уҳдаи идораи трактор набаромада дучархарон, ноболиғ, Раҷабов Иброҳим Ибодуллоевич 2010 с/т, хонандаи синфи 3-юми МТМУ №8, истиқоматкунандаи ҷ/д К.Сайфутдинов, деҳ. Селгаро бо ядаки трактор пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ, Раҷабов И.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)