ДУЗДИИ ЧОРВО
08.09.2019 шаҳрванд Давлатов Искандар Холович 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҷомбахт, деҳ. Айлобдара ба ШВКД ноҳияи Ховалинг муроҷиат намуд, ки санаи 05.09.2019-сол тахминан соатҳои 19 ба 20.00-дақиқа шахсони номаълум аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷ/д Ҷомбахт 7-сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 26.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. Ба ҷойи ҳодиса баромаданд: Роҳбарият ва ГОТ ШВКД.08.09.2019 шаҳрванд Абдураҳмонов Зоиршо Абдуллоевич 16.06.1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҷомбахт, деҳ. Чуқурак ба ШВКД ноҳияи Ховалинг муроҷиат намуд, ки санаи 02.09.2019-сол тахминан соатҳои 22 ба 23.00-дақиқа шахсони номаълум аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷ/д Ҷомбахт 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)