< ДУЗДӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДӢ

ДУЗДӢ
08.09.2019 ҳангоми  гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ашуралиева Мунира Хайруллоевна 1997 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Кушониён, ҷ/д Заргар, деҳ. А.Ҷомӣ дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 03.08.2019-сол дар кӯч. М.Маҳмадалӣ х.127 қарор доштанаш, ҳамёни шаҳрванд Сайдамирова Давлатбӣ Сайвалиевна 1979 с/т, истиқоматкунандаи н.Ҳамадонӣ кӯч. Айнӣ х.68, ки дар дохилаш 7750-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллогин будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 9600-сомониро ташкил медиҳад. 

08.09.2019 шаҳрванд Маҳмадова Гулпарӣ Аҳмадбековна 1985 с/т, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Н.Қарабоев х.76/3, ҳ.29 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 29.06.2019-сол тахминан соати 11.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш ҷавоҳироти тиллогин, ки арзиши умумиашон 14.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми   гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Юсуфов Сафаралӣ Алишерович 1999 с/т, истиқоматкунандаи ш.Бохтар, кӯч. А.Навоӣ х.53 дастгир карда шуд. 

08.09.2019 шаҳрванд Ғафуров Ҳусайн Саидович 1970 с/т, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ориён, деҳ. Сароб ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуд, ки шаби 15 ба 16.07.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 1-адад зини асп ва дигар молу ашёи рӯзғор, ҷамъ ба маблағи 2.700-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

07.09.2019 шаҳрванд Икромов Сирон 1951 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. С.Шерозӣ, х.33 ба ШВКД ноҳияи Ҷ.Балхӣ муроҷиат намуд, ки шаби 05 ба 06.09.2019-сол шахсони номаълум аз а/м боркаши тамғаи “Дулон”, р/д 49-27 ВС/03, ки дар канори роҳи мошингарди ҷ/д Фрунзе, деҳ. Навобод беназорат меистод, 2-адад чарх ва 2-адад аккумулятор, ки арзиши умумиашон 7300-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий