< ҒОРАТГАРӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҒОРАТГАРӢ

ҒОРАТГАРӢ
08.09.2019 шаҳрванд Тоштемуров Қурбоналӣ Муродалиевич 1987 с/т, истиқоматкунандаи н.Восеъ, кӯч. Гогол х.1, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 06.09.2019-сол тахминан соатҳои 20.00-дақиқа ҳангоми дар назди боғи «Дӯстии халқҳо», воқеъ дар кӯч. А.Ҷомӣ қарор доштанаш «Даврон» ном шахс ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-2», ки арзишаш 1000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Баҳодуров Даврон Ҷавҳаршоевич 1996 с/т, зода ва истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д. Гулпарвар х.66, бекор дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий