
08.09.2019 шаҳрванд Одилов Маҳмадраҳим Шарифбекович 1970 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Айнӣ х.269 ҳ.1 ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки санаи 07.09.2019-сол тахминан соати 09.30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ набераи хурдсолаш, Шарифбекова Сумая Маҳмадовна 2017 с/т-ро аз назди хонаи истиқоматиашон рабудаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шарифов Асомиддин Шамсович 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д Баҳор, деҳ. Қирғизон, бекор, пеш бо моддаи 104 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Номбурда, бо мақсади талаб намудани маблағи пулӣ ва додани ҷазои рӯҳию маънавӣ хурдсол, Шарифбекова С.М.-ро рабуда, ба хонаи хоҳараш, шаҳрванд Шарифова Сарвиноз Шамсовна 1980 с/т, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, кӯч. Салимзода х.22, ҳ.38 бурда, то соати 16.10-дақиқа нигоҳ доштааст.
Комментарии (0)