< ДАҲШАТ! МАРД ФАРЗАНДИ ЗАНАШРО КУШТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАҲШАТ! МАРД ФАРЗАНДИ ЗАНАШРО КУШТ

ДАҲШАТ! МАРД ФАРЗАНДИ ЗАНАШРО КУШТ
08.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Равшанов Абдувоҳид Эргашевич 1984 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Сӯҷина, деҳ. Сӯҷина, миллаташ ӯзбек, пеш бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 28.05.2019-сол бо шаҳрванд Мустафоева Нигора Маҳмудмуродовна 1989 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷоя нисбати фарзанди ҳамсараш хурдсол, Мустафозода Ҷасурбек Баҳодур 2015 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо мунтазам муносибати бераҳмона намуда, доимо лату кӯб мекардааст. Санаи 06.09.2019-сол шаҳрванд Равшанов А.Э. дар хонаи истиқоматиашон хурдсол Мустафозода Ҷ.-ро зери лату кӯб қарор додаст, ки дар натиҷа хурдсол Мустафозода Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, санаи 08.09.2019-сол дар хонаи истиқоматиашон ба ҳалокат расидааст. Нисбати шаҳрванд Равшанов А.Э. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий