< Шодии тоҷикон: гузориши аксӣ аз фаъолшавии чархаи дуюми НБО "Роғун" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шодии тоҷикон: гузориши аксӣ аз фаъолшавии чархаи дуюми НБО "Роғун"

Шодии тоҷикон: гузориши аксӣ аз фаъолшавии чархаи дуюми НБО "Роғун"
Дар Тоҷикистон дар рӯзи 28-умин солгарди истиқлоли давлатӣ чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" фаъол шуд
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро фаъол кард.

Ба кор даровардани чархаи дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардида буд.

Ҳамон рӯз Президент паси чанбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баст ва ба бунёди сарбанди ин нерӯгоҳи азим оғоз бахшид.

16 ноябри соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, оғоз бахшида буд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад.

НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.

Дар сохтмони нерӯгоҳ беш аз 25 ҳазор нафар сохтмончиёну муҳандисон ва дигар кормандони техникӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани чархаҳои дигари нерӯгоҳ идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий