Дар Тоҷикистон имсол 21 макотиби нав сохта шуд

Сар аз соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳури 21 макотиб сохта ва ба истифода дода шуд
Давоми моҳҳои январ- июли соли равон дар Тоҷикистон 21 адад мактабҳои муосир сохта ва ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад агентии Авеста.
Бар хабари манбаъ, дар муассисаҳои тозабунёд, наздики 6 230 хонанда метавонанд ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Манбаъ меафзояд, муассисаҳои муосир дар манотиқи Хатлону Суғд ва ҳамчунин шаҳри Душанбе сохта шуда то оғози мавсими хониш ба истифода дода шуданд.
Гузашта аз ин қайд мегардад, ки давоми ҳамин муддат 39 адад бунгоҳи тиббӣ низ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бунгоҳҳои тиббӣ низ барои сокинони манотиқи Суғду Хатлон сохта шуданд.
Зимнан ду беморхона бо 24 ҷой ва се муассисаҳои таълимии томактабӣ барои 280 муҳассилин сохта мавриди истифода қарор гирифтанд.
Комментарии (0)