< ҲОДИСАИ НОХУШ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАИ НОХУШ

ҲОДИСАИ НОХУШ
04.09.2019 тахминан соати  16.00-дақиқа шаҳрванд Муҳаммадиева  Назокат 1936 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Фон-дарё, деҳ. Ҳайронбед, ҳангоми шустани дасту рӯяш дар дарёи Искандаркул, воқеъ дар н. Айнӣ,  афтида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

05.09.2019 тахминан соати  09.40-дақиқа хурдсол, Давлатова Кибриё Талабшоевна 2017 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Чортеппа, деҳ. Шайнаки Чинор, ҳангоми бозӣ карданаш, аз беэҳтиётии волидонаш, девори хонаи истиқоматиашон ба болояш чаппа шудааст. Дар натиҷа хурдсол, Давлатова К.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи Қарияи Боло ба ҳалокат расидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий