ИСРОФКОРӢ ДАР ҶДММ “ТАДЖЕРО”
04.09.2019 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 мактуби директори ҶДММ “Таджеро” шаҳрванд Ғайбуллозода А, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ.Қуштеппа х.3 ворид гардид, ки аз санаи 20.02.2019-сол то ин ҷониб шаҳрванд Ҷумъаев Саъдӣ Тухтамуродович 1985 с/т, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Назаршоев х.19/4, ҳ.3 дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таджеро” кору фаъолият намуда, аз нуқтаҳои савдо, воқеъ дар ш.Ваҳдат ҷамъ ба маблағи 155.178-сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 04.09.2019 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 мактуби директори ҶДММ “Таджеро” шаҳрванд Ғайбуллозода А, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ.Қуштеппа х.3 ворид гардид, ки шаҳрванд Хоҷаева Зӯҳро Салоҳиддинона 1996 с/т, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Титова х.157 аз 01.10.2018-сол то моҳи январи соли 2019 дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таджеро” кору фаъолият намуда, аз нуқтаҳои савдо ҷамъ ба маблағи 45.596-сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
04.09.2019 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 мактуби директори ҶДММ “Таджеро” шаҳрванд Ғайбуллозода А, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ.Қуштеппа х.3 ворид гардид, ки шаҳрванд Яҳёев Бахтиёр Ҳусейнович 1992 с/д, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Хоруғ х.24 аз санаи 20.02.2018-сол то 06.05.2019-сол дар вазифаи намояндаи тиҷоратии ширкати “Таджеро” кору фаъолият намуда, аз нуқтаҳои савдо ҷамъ ба маблағи 65.332-сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Комментарии (0)