ҚАЛЛОБӢ
04.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Юсуфов Одил Атобуллоевич 1972 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Сучина, деҳ. Қумсой, миллаташ ӯзбек, бекор дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи ноябри соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Орзиқулов Машраб Суярович 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Сучина, деҳ. Қумсой даромада, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 8000-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Нисбати шаҳрванд Юсуфов О.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.2 ва 338 иловаи 1 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 04.09.2019 шаҳрванд Ҷалилов Маъруф Қурбонбекович 1991 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Зайнабобод, деҳ. Дарёобод ворид гардид, ки охирҳои соли 2016 “Гулнора” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 3000-сомониро гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)