< ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ш.БОХТАР нокушода. » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ш.БОХТАР нокушода.

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ш.БОХТАР нокушода.
03.09.2019 шаҳрванд Холматов Улуғбек Анварович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш агрономи ширкати “И.Сомонӣ”-и н.Н.Хусрав, истиқоматкунандаи н.Шаҳритус, ҷ/д Обшорон, деҳ. Бинокор, ба ШВКД шаҳри Бохтар муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли 2019 шахсони номаълум аз дохили а/м шахсиаш тамғаи “Опел-Караван”, р/д 87-88 03/ТJ, ки дар мавзеъи Чилучорчашмаи н.Н.Хусрав бе назорат меистод, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Ҷ-5” ва 1-адад флешкарта, ки арзиши умумиашон 1500-сомонро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Оиди ҷинояти мазкур аз ҷониби Прокуратураи в.Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 банди “в” КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

04.09.2019 шаҳрванд Бегов Бобохон Назарович 1955 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи вил.Хатлон, н.Ховалинг, деҳ. Мухтор ба ШВКД шаҳри Бохтар муроҷиат намуд, ки санаи 02.09.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хобгоҳи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар истгоҳи Роҳи оҳани ш.Бохтар, 4-адад қубури пластикии дарозиашон 6-метра, ки арзиши умумиашон 200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий