< 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен зиёда 10 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо мумфарш гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен зиёда 10 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо мумфарш гардид

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен зиёда 10 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо мумфарш гардид
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен иттилоъ доданд, мумфарш гардидани зиёда аз 10 километр роҳҳои дохилии Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин ба беҳтар шудани ҳаракати нақлиёт, осон гардидани рафтуомади сокинон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ арзёбӣ мегардад.

Ободонии маҳал ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Татбиқи чунин иқдом боиси беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди маҳалҳо мегардад.

Саҳми фаъолонаи аҳолӣ дар иҷрои корҳои ободонӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамбастагӣ ва ватандӯстии сокинон буда, барои рушди минбаъдаи деҳот заминаи мусоид фароҳам меорад.
  

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий