Таҳсили ройгон бо бурсия. Имсол чанд кас соҳиби “квота”-и президентӣ шуд?
Имсол 1 ҳазору 670 ҷавон, аз ҷумла 835 духтар ва 835 писар бурсия ё квотаи президентӣ барои таҳсили ройгон ба донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистонро дарёфт кардаанд. Озмун барои дарёфти ин бурсия дар се давр — аз 20-уми май то 5-уми июни соли равон баргузор шуд.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, шумораи бурсияи президентӣ имсол нисбат ба соли гузашта 401 адад зиёд шуд.
"
Дар ҳамин ҳол, Фаррух Файзуллозода, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзи 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ шумори бурсияҳои ҷудошуда дар минтақаҳоро чунин шарҳ дод:

Акс аз сомонаи president.tj
Соли гузашта 1 ҳазору 269 бурсияи президентӣ (651 ҷой барои духтарон ва 618 ҷой барои писарон) ҷудо шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар даври сеюми озмуни дарёфти квотаи президентӣ беш аз 6 ҳазор хатмкунандаи мактабҳои Тоҷикистон миёни ҳам рақобат карданд. Акнун ғолибони бурсияи мазкур ройгон ва бе супоридани имтиҳон ба яке аз 18 донишгоҳи кишвар шомил мешаванд. Онҳо бо хобгоҳ ва идрорпулӣ низ таъмин мегарданд.
Донишҷӯёни тариқи бурсия қабулшуда касберо бояд интихоб кунанд, ки дар минтақаашон ба он ниёз доранд.
Ин бурсияро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли 1997 таъсис дод, ки ҳадафи асосии он ҷалби хатмкунандагон махсусан духтарон аз минтақаҳои дурдаст ба таҳсил арзёбӣ мешуд. Ҳар сол Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи президентӣ"-ро дар мувофиқа бо ҳукумат тасдиқ мекунад.
Сарчашма: asiaplus.news
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, шумораи бурсияи президентӣ имсол нисбат ба соли гузашта 401 адад зиёд шуд.
"
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки тақрибан 65% бурсияҳо ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ҷудо шуда, баъдан, ба ихтисосҳои риёзӣ ва фанновариҳо таваҷҷуҳи бештар дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Фаррух Файзуллозода, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзи 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ шумори бурсияҳои ҷудошуда дар минтақаҳоро чунин шарҳ дод:
- вилояти Хатлон — 650 бурсия (325 духтар ва 325 писар);
- вилояти Суғд — 446 бурсия (223 духтар ва 223 писар);
- ВМКБ — 210 бурсия (105 духтар ва 105 писар);
- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 364 бурсия (182 духтар ва 182 писар).

Соли гузашта 1 ҳазору 269 бурсияи президентӣ (651 ҷой барои духтарон ва 618 ҷой барои писарон) ҷудо шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар даври сеюми озмуни дарёфти квотаи президентӣ беш аз 6 ҳазор хатмкунандаи мактабҳои Тоҷикистон миёни ҳам рақобат карданд. Акнун ғолибони бурсияи мазкур ройгон ва бе супоридани имтиҳон ба яке аз 18 донишгоҳи кишвар шомил мешаванд. Онҳо бо хобгоҳ ва идрорпулӣ низ таъмин мегарданд.
Донишҷӯёни тариқи бурсия қабулшуда касберо бояд интихоб кунанд, ки дар минтақаашон ба он ниёз доранд.
Ин бурсияро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли 1997 таъсис дод, ки ҳадафи асосии он ҷалби хатмкунандагон махсусан духтарон аз минтақаҳои дурдаст ба таҳсил арзёбӣ мешуд. Ҳар сол Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи президентӣ"-ро дар мувофиқа бо ҳукумат тасдиқ мекунад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)