< ДУЗДӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДӢ

ДУЗДӢ
29.08.2019 шаҳрванд Ибрагимов Иброҳимҷон Тоҷимуродович 1971 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Шайдон, кӯч. С. Эминчонов ба ШВКД ноҳияи Ашт муроҷиат намуд, ки аввалхои соли 2017 то 03.07.2019 сол шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ якчанд маротиба ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 16 900-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, ки арзишашон 3112 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шокирова Рухшона Толибҷоновна 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шайдон, кӯч. С. Эминҷонов дастгир карда шуд. Оиди ин ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ бо мод.244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

29.08.2019 шаҳрванд Қаршиев Анвар 1948 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Х. Ҳасан, деҳ. Наврузтеппа ба ШВКД ш.Панҷакент муроҷиат намуд, ки санаи 27.08.2019 сол шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Норматов Элёр Хомидович 1984 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шайдон, кӯч. С. Эминчонов дастгир карда шуд. Оиди ин ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ бо мод.244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

29.08.2019 шаҳрванд Холикзода Меҳрозаи Марҳабат 1994 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Оббурдон, кӯч. С. Давлатов х.55 ба ШВКД н.Мастчоҳ муроҷиат намуд, ки санаи 26.08.2019 сол соати 23:00 дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз замини назди ҳавлигиааш, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6000- ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Абдуллоев Мусобек Исмоилович 1998 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Оббурдон, кӯч. С. Давлатов х.44, Шарифов Шаҳзод Маҷидович 1999 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Оббурдон, кӯч. С. Давлатов х.51 ва Олимов Фатҳулло Файзуллоевич 1997 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Оббурдон, кӯч. С. Давлатов х.68 дастгир карда шуданд. Оиди ин ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ бо мод.244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

29.08.2019 шаҳрванд Абдуқаюмов Абдулҳаким Абдухалилович 1975 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д К.Исмоил, кӯч. Кипчоқ х.44 ба ШВКД ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намуд, ки санаи 18.08.2019 сол соати 21:00 дақиқа шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад компютери тамғаи «Леново», ки арзишаш 5500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ ноболиғ, Эшматов Муқимҷон Бегимқулович 2001 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д К.Исмоил, кӯч. 1-Май х.24 дастгир карда шуд. 

29.08.2019 ба ШВКД ноҳияи Хуросон мактуби Филиали ҶДММ ТҚҲ “Оксус” дар ш.Бохтар ворид гардид, ки шаби 24 ба 25.08.2019 сол шахсони номаълум панҷараи оҳанини тирезаи бинои филиали мазкурро шикаста ноқилҳои камераҳои мушоҳидавиро бурида, дохили бино шуда, аз дохили сандуқи оҳанин “Сейф”, 1-адад пост терминал, 2-адад муҳри марказ, 1-адад модемро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7085-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

29.08.2019 шаҳрванд Иминов Икромҷон Исроилович 1983 с\т, миллаташ ӯзбек, соҳибкор, истиқоматкунандаи ҷ\д Х.Холматов, деҳ. Рӯдакӣ ба ШВКД ноҳияи Шаҳритӯс муроҷиат намуд, ки шаби 28 ба 29.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони таъмири телефонҳои мобилиаш, воқеъ дар кӯч И.Сомонӣ даромада, аз он ҷо 3-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, 1-адад Планшет ва 600-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 3240-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

29.08.2019 шаҳрванд Ёрова Оинамо Зиёратшоевна 1984 с\т, истиқоматкунандаи деҳ. Қалъаи-хумб ба ШВКД ноҳияи Дарвоз муроҷиат намуд, ки шаби 27 ба 28.08.2019 сол шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад теливизори тамғаи “АРВИГО”, ки арзишаш 1500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

28.08.2019 шаҳрванд Ҳайдаров Пирназар Холматович 1973 с\т, истиқоматкунандаи ҷ\ш Бустонқалъа, деҳ. Эргаш ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуд, ки шаби 30.04.2019 сол шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон, 5-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 25000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

29.08.2019 шаҳрванд Сироҷиддинов Амриддин Манонович 1983 с\т, истиқоматкунандаи ҷ/д Қалъачаи Калон, деҳ. Қалъчаи Калон, ба ШВКД ш.Истаравшан муроҷиат намуд, ки санаи 28.08.2019 сол тахминан соати 11:00 дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 10.900-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий