< ПЕШГИРИИ МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ТАНГАҲОИ ҚАДИМАИ РУСӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ПЕШГИРИИ МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ТАНГАҲОИ ҚАДИМАИ РУСӢ

ПЕШГИРИИ МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ТАНГАҲОИ ҚАДИМАИ РУСӢ
28.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Абдурашидов Ҳайдар Ваитович 1965 с/т, истиқоматкунандаи н.Шаҳринав, ҷ/д Боғистон, кӯч. Коргар х.12 дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 34-адад тангаҳои аз металӣ зард сохташуда, ки 17-тояш аз тангаҳои руссӣ ва 17-тои дигараш тангаҳои 5-рубли руссӣ давраи Николай-2 мебошад, гирифта шуд. Хангоми пурсиш шаҳванд Абдурашидов Ҳ.В. нишондод дод, ки тангаҳои мазкурро аз шаҳрвандон Ҳусенов Ҷомӣ Фатҳуллоевич 1980 с/т, истиқоматкунандаи н.Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Қурбонов Насим Воҳидович истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Панҷруд х.88, бо мақсади фурӯхтан дастрас намудааст. Дар асоси маълумотномаи Нозироти Давлатии Иёргирии назди Вазорати Молияи ҶТ таҳти №8а/478 аз 28.08.2019 сол тангаҳои аз шаҳванд Абдурашидов Ҳ.В. гирифта шуда, ба метали қимматбаҳои тилло 900 мансуб буда, вазни умумиашон 218,07-грамм мебошад, арзишашон 90386-сомониро ташкил медиҳад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий