
28.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳванд Негматов Абдураззоқ Абдураҳмонович 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҳ.Усмон, кӯч. Пуличуқур х.32, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 27.08.2019 сол тахминан соати 23.30-дақиқа дар ҳолати масти қарор дошта, дар ҳавлии истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо амакаш Пӯлотов Абдухалил Пӯлодбоевич 1961 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 1-маротиба ба шиками амакаш, Пӯлотов А.П. задааст. Дар натиҷа шаҳванд Пӯлотов А.П. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати шаҳванд Негматов А.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)