< Духтарчаи 7-солаи тоҷик дар Доғистон зери чархи мошин монд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Духтарчаи 7-солаи тоҷик дар Доғистон зери чархи мошин монд

Духтарчаи 7-солаи тоҷик дар Доғистон зери чархи мошин монд
Дар шаҳри Ҳасанюрти Доғистон ронандаи мошини тамғаи “ЛАДА-217050” дар гузаргоҳ духтарчаи 7-соларо задааст.

Бино ба иттилои Александр Шалагин, раҳбари Раёсати ВКД дар Доғистон, духтарча бар асари захмҳои вахим дар бемористони  шаҳри Ҳасанюрт фавт кардааст.

Ба гуфтаи вай, ронанда, сокини 20-солаи деҳаи Артлухи ноҳияи Казбек боздошт шудааст.

Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий