< СЕ ХУДКУШӢ: ДУШАНБЕ, ҲИСОР, РУШОН » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СЕ ХУДКУШӢ: ДУШАНБЕ, ҲИСОР, РУШОН

СЕ ХУДКУШӢ: ДУШАНБЕ, ҲИСОР, РУШОН
24.08.2019 тахминан соати 23:30-дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Фарел», воқеъ дар кӯч. С.Шерозӣ дар болои купруки оҳанини дарёи «Душанбе», марди шахсияташ номаълум тахминан 20-25 сола худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Ҷасад баъди азназаргузаронӣ ба мурдахона супорида шуд. Сабаби даст задан ба худкушӣ ва шахсияти ҷасад муайян карда мешавад. 

26.08.2019 тахминан соати 09:00 дақиқа шаҳрванд Девлохов Азизхон Давлатович 1970 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи деҳ.Деҳӣ, худашро дар ҳавлии истиқоматиаш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Сабаби даст задан ба худкушӣ муайян карда мешавад. 

26.08.2019 тахминан соати 18.10-дақиқа шаҳрванд Юсуфова Шукрона Усмоновна 1998 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Алмосӣ, деҳ. Гули Сурх, худро дар хонаи истиқоматиашон бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст. Сабаби даст задан ба худкушӣ муайян карда мешавад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий