ОШКОРКУНИИ ҶИНОЯТҲОИ ПЕШСОДИРШУДА
26.08.2019 оид ба ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд Одинаева Б.Ш. ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро пешдастгиршуда: Қурбонов Меҳроб Ҳафизович 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Ванҷ, ҷ/д Бунай, деҳ. Ёгад содир намудааст.26.08.2019 оид ба ҷинояти гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабсӣ пешакӣ, ки санаи 22.08.2019 сол тахминан соати 02.00 дақиқа ноболиғ, Сатторов Ҷ.Ш. аз беморхонаи ҷумҳурияви клиникии бемориҳои равонии н.Рӯдакӣ, воқеъ дар ҷ/д Чоргултеппа, деҳ. Табибон фирор намуда буд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ, Сатторов Ҷононбек Ширинбекович 2003 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Рашт, ҷ/д Қалъаи Сурх, деҳ. Кадара, ки бо моддаи 244 қ.3 КҶ ЧТ суд шудааст дастгир карда шуд.
25.08.2019 сол оид ба ҷинояти дуздии моликияти шахсии шаҳрванд Тешаева З.С, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон; Холиқова Гавҳарбӣ Нуриддиновна 2006 с/т ва Холиқова Мафтуна Нуриддиновна 2005 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Лангардара, деҳ. Кулако, хонандагони синфи 7-ум ва 8-уми МТМУ №43 дастгир карда шудаанд. Далели шайъӣ 502- сомонӣ 40-дирам ёфта гирифта шуд.
26.08.2019 сол оид ба ҷинояти қаллобӣ нисбати шаҳрванд Шукуров Н. ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ш-ндон; Каримов Қаноат Раҳимович 1981 с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Испечак-2 х.16, Саидов Баҳруло Маҳмадраҳимович 1981 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Х.Шерозӣ х.16 ҳ.24, содир намудаанд.
26.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта шаҳрванд Меҳроҷи Сулаймон 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Муъминобод, кӯч. Т.Раҳимов х.2, ки ҷинояти қаллобиро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар ш.Бохтар бо моддаи 247 қ.2 КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди ш.Бохтар дастгир карда шуд.
Комментарии (0)