ДУЗДӢ КАСБӢ ДАСТГИР ШУД
22.08.2019 шаҳрванд Ғуломова Гулниссо Пировна 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Роҳатӣ, деҳ. Роҳатӣ ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-2 муроҷиат намуд, ки санаи 19.08.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг”, ки арзишашон 4200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Саидзода Мақсад Маҳмуд 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Роҳатӣ, деҳ. Роҳатӣ, пеш бо моддаи 139 КҶ ҶТ суд шудааст дастгир карда шуд. Худи ӯ моҳи июни соли 2019 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Хидирова Анорахон Нуралиевна 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Роҳатӣ, деҳ. Роҳатӣдаромада, аз он ҷо 1-адад дучархаи тамғаи “Соросной”, ки арзишаш 4000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
22.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон Исматуллоев Илҳомиддин Маҳмадуллоевич 2005 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Қаротеғин х.99, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №63, Додарбеков Рамазон Манзаршоевич 2007 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ. Шоҳмансур, хонандаи синфи 6-уми МТМУ №63 ва Наҷибуллои Ширинбек 2004 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Қаротеғин х.206, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №63 дастгир карда шудаанд. Номбурдагон, санаи 06.08.2019 сол тахминан соати 18.00 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Нурзода Бахтиёр, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Қиблаи, деҳ. Қамчин даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “ТК-Мобайл”, 1-адад гушандозак (наушник), 1-адад либоси варзишӣ, 1-адад шим, ки арзиши умумиашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.
22.08.2019 шаҳрванд Абдумусовири Юсуфӣ Қодири 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Севастопол х.2, ҳ.15 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 18.08.2019-сол тахминан соати 00.10 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз терминали шахсиаш, воқеъ дар кӯч. Н.Қарабоев 48/1, 20000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Исмоилов Шаҳзод Абдунасимович 1999 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Рӯдакӣ х.40 гузаргоҳи 3-юм, дастгир карда шуд.
22.08.2019 сол шаҳрванд Сафарова Мафтуна Асомиддиновна 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч.Испечак-2 М-4 х.4, ҳ.16 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки моҳи декабри соли 2017 шахсони номаълум бо роҳи пинҳони ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, ки арзишашон 8000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандМирзоева Тахмина Бадриддиновна 1998 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истик. кӯч.Испечак-2 М-22 х.4, ҳ.14, пеш бо моддаи 244 қ.3 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд.
22.08.2019 шаҳрванд Хоҷаева Оламбӣ Шарифовна 1962 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/шҒарм, кӯч. Ҳусейнзода ба ШВКД ноҳияи Рашт муроҷиат намуд, ки шаби 20 ба 21.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин ва 400-сомонӣ, ки маблағи умумиашон 1150-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
22.08.2019 шаҳрванди ФР, Эспек Мирослова Сергеевна 1995 с/т, миллаташ рус, мув. истиқоматкунандаи ҷ/д Зайнабобод, деҳ. Олисомон ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 22.08.2019 сол тахминан соати 13.00 дақиқа шахсони номаълум, дар ҳудуди ҷ/ш Сомониён, кӯч. И.Сомонӣ бо роҳи пинҳонӣ аз дохили борхалтааш 30.000-рубли ФР ва 15-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
22.08.2019 шаҳрванд Муродов Бобоазиз Алиевич 1969 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Зайнаббибӣ х.188 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 20.08.2019 сол тахминан соати 13.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили а/м шахсиаш тамғаи “Таёта-Лексус-570” р/д 570 ZP/01, ки дар кӯч. Амиршоев беназорат меистод, 35000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)