Душанбе ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро чӣ сон қайд мекунад?

Воридшави ба ҳамаи чорабиниҳо дар ҷашни 28- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ройгон сурат хоҳад гириф.
Шаҳрдори Душанбе тасмим гирифтаст, ки дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 - уми сентябр қайд мешавад, вуруд ба чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатии Душанбе ба таври ройгон сурат мегирад.
Гузашта аз ин хабар дода мешавад, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамзамон тасмим гирифтаст, ки барои ятимони кул ва камбағалон, тамошо аз боғу осорхонаҳои пойтахт ройгон ба роҳ монда шавад.
"Барои меҳмонони аз 14 то 70 - сола вуруд ба боғҳои Фирдавсӣ, Айнӣ ва Хайём 2 сомониро ташкил медиҳад. Барои кӯдакони то синни 7- сола ва аз 70 - сола боло бепул аст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки дар вобастагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрдорӣ баргузор шудани чандин чорабиниҳои варзишӣ, ҳашари умумишаҳрӣ ва озмуну мусобиқаҳо ба назар гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, чорабинии асосӣ вобаста ба ин ид дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ" бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик доир мешавад.
Зимнан шаҳрдорӣ супориш додааст, ки чорабиниҳои идона дар тамоми ноҳияҳои Душанбе сурат гирад.
Комментарии (0)