
19.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Писаренко Валерий Артурович 1978 с/т, миллаташ рус, истиқоматкунандаи ш.Қайроқум, кӯч. М.Турсунзода х.10, ҳ.34 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 13.08.2019 сол ҳангоми дар ш.Турсунзода қарор доштанаш, дар ҳолати мастӣ ба ҷойи зисти шаҳрванд Искуснова Наталя Виталиевна 1978 с/т, миллаташ рус, бе ҷойи зисти доимӣ «Бомж», бинои мағозаи фарсудашуда, назди бинои №178, воқеъ дар маҳ. 2 омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, корди ошхонагиро гирфта чанд маротиба ба аъзои бадани шаҳрванд Искуснова Н.В. зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Искуснова Н.В. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)