< САҲА - ҷиноятҳои мудҳиши ТТЭ ҲНИ-ро нодида мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САҲА - ҷиноятҳои мудҳиши ТТЭ ҲНИ-ро нодида мегирад

САҲА - ҷиноятҳои мудҳиши ТТЭ ҲНИ-ро нодида мегирад

Ба ақидаи банда ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, ки шоҳиди ҳодисаҳои солҳои 90уми қарни гузашта дар Тоҷикистон буд, нобаста аз миллату маҳал, бояд даст ба дил монда оид ба бедодгариҳо, зулму ситам, қатли оми ТТЭ ҲНИ дар ин солҳои мудҳиш сухани рост занад. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ба мисоли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҷиноятҳои ин хунхорони наҳзатиро нодида гирифта кӯшиш доранд, террористони ТТЭ ҲНИ-ро бо “чеҳраи демократӣ” дар ҷомеаи аврупоӣ муаррифӣ кунанд. Ҳол он ки онҳо нағз дар хотир доранд, ки аз дасти ин разилони хунхори наҳзатӣ садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи Аврупоӣ ба қатл расонида шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 шаҳрванди хориҷӣ аз ҷониби силоҳбадастони мусаллаҳи ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳимоятчиёни ҳуқуқ, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони дигар динҳо, нозирони СММ гаравгон гирифта, ба қатл расонида шудаанд. Дар байни онҳо профессори ҷопонӣ Ютако Аккино, ки вазифаи гуманитарӣ анҷом медод ва ҳамтоёни ӯро аз Полша, Уругвай ва Тоҷикистон метавон номбар кард. 

Инчунин, созмонҳои байналмилалии, аз ҷумла САҲА бояд фаромӯш насозанд, ки ТТЭ ҲНИ аз аввал бо дастуру ҳидояти гурўҳҳои исломии хориҷӣ ташкил шуда, дар тамоми давраи фаъолияташ ҷузъи таркибии шабакаи байналмилалии террористӣ буду ҳаст ва то ҳол бо тамоми ташкилотњи террористии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо ДИИШ, “Ал-қоида”, “Ихвон-ул-муслимин” робитаи зич дорад. 

Дар соли ҷорӣ, санаи 16-уми сентябри соли 2019 ҷаласаи навбатии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ченакҳои инсонӣ, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор мегардад, роҳбари фирории ин ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ бо баъзе аз пайравони наҳзатиаш ният доранд иштирок намуда чун ҳарвақт дар баромадҳояшон ба иғвоангезию дасисабозӣ нисбати давлату миллати тоҷик даст мезананд.

 Албатта иштироки ин разилони наҳзатӣ дар ин конфиренсия барои Тоҷикистон зараре ҳам таъсири манфӣ нахоҳад расонд ва намояндаи кишвар дар ин ҷаласа иштирок намуда як бори дигар аз ҷиноятҳои мудҳиши ин разилони наҳзатӣ ёдовар хоҳад шуд. Аммо роҳбарияти САҲА, пуштибони асосии ТТЭ ҲНИ, бояд фаромӯш насозанд, ки 150 нафар шаҳрванди хориҷии бегуноҳ, ки барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон омада буданд, маҳз аз ҷониби силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ ба қатл расонида шудаанд.

Б Хошимов Устоди ДДХ ба номи академик Б Гафуров

Комментарии (0)

Оставить комментарий