< Садамаи пурқурбонӣ: ҳалокати се узви як хонавода » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Садамаи пурқурбонӣ: ҳалокати се узви як хонавода

Садамаи пурқурбонӣ: ҳалокати се узви як хонавода
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори пурқурбонӣ дар ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад, ки дар натиҷа се узви як хонавода ҷон аз даст доданд

Ба иттилои ВУД Тоҷикистон садамаи маргбор рӯзи 11-уми августи соли равон, тахминан соати 05:30-дақиқа дар роҳи ноҳияи Қубодиён рух додаст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Ҳусейнов Равшан Шарофович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба чуқурии 67-метр чаппа шудааст. 

Дар натиҷа, худи ронанда Ҳусейнов ва мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Ҳусейнова Муноҷот, соли таваллудаш 2001, Ҳусейнова Хосият, соли таваллудаш 1951, сокинони шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Ҳусейнова Гулнора, соли таваллудаш 1978 ва ноболиғ Ҳусейнова Робия, соли таваллудаш 2010, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 

ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса кормандони милитсия  тафтишотро идома доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий