< ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 38-43 дараҷа мерасад.  

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо  суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 19-24 метр дар як сония  мевазад. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва   рӯзона    26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо  суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар  баъзе ноҳияҳо  вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи   бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо  суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то10-15 метр дар як сония   мевазад. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 39+41  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий