Дар Душанбе 16 нафар пас аз истеъмоли "хот-дог" заҳролуд шуданд

Дар шаҳри Душанбе 16 нафар пас аз истеъмоли "хот-дог" заҳролуд шуда ба беморхонаи ҷумҳуриявии сироятӣ интиқол ёфтанд
Як масъули беморхонаи ҷумҳуриявии сироятӣ дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон хабари заҳролуд шудани 16 нафар сокинони шаҳри Душанберо тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки заҳролудшудаҳо бегоҳи 29- уми июл ба Беморхонаи ҷумҳуриявии сироятӣ интиқол ёфтанд.
Номбурда изҳор дошт, ки заҳролудшудаҳо сокинони як ноҳия набуда, истиқоматкунандагони ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино мебошанд.
Нозимова Гулрухсор ҳамшираи калони Беморхонаи сироятӣ ба мо гуфт, ки ҳамаи заҳролудшудаҳо шомгоҳӣ ҳангоми сайру гашт аз нуқтаҳои фурӯши хӯрокҳои тезтайёр хот-дог харида истеъмол кардаанд.
Пас аз истеъмоли хот-дог дар онҳо аломати заҳролудшавӣ ҳузур намуда барои аз назорати пизишкон гузаштан ба Беморхонаи сироятӣ интиқол ёфтанд.
Нозимова изҳор намуд, ки аз миёни 16 нафари заҳролудшуда, алъон таҳти муроқибати пизишкон 8 нафари дигар қарор доранд.
Вазъи сиҳатии боқимонда заҳролдудшудаҳо хуб арзёби шуда, аллакай аз бемористон мураххас шуданд.
Ба гуфтаи Нозимова дар шуъбаи кӯдаконаи Бемористони ҷумҳуриявии сироятӣ 4 нафар аз як оила ҳамоно таҳти назорати пизишкон қарор доранд ва синни аз ҳама кӯчаки заҳролудшуда кӯдаки 4 -сола мебошад.
Комментарии (0)