< ҲОДИСАҲОИ НОХУШИ НАҚЛИЁТӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАҲОИ НОХУШИ НАҚЛИЁТӢ

ҲОДИСАҲОИ НОХУШИ НАҚЛИЁТӢ
30.07.2019 тахминан соати 08.10-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра”, р/д ТҶ 21-00 НН/02 шаҳрванд Шарифов Салоҳиддин Қирғизович 1973 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ворух, кӯчаи Боғдорӣ х.157, ҳангоми ҳаракат кардан дар кӯчаи Рӯдакӣ ҷ/д Ворух аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Орифзода Нозанин 2012 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Ворух, кӯчаи Майдон пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол, Орифзода Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ш.Исфара ба ҳалокат расидааст. 

30.07.2019 тахминан соати 14:20 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Мерседес-Бенс», р/д ТҶ39-93СЕ/01, Қобилов Даврон Салимович 1989 с/т, истиқоматкунандаи кӯчаи М.Шерзода х.33, миллаташ тоҷик, ҳангоми ҳаракат бо роҳи наклиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар 172-ум км, ҳудуди ҷ/д Шаҳристон, деҳаи Фирдавсӣ аз уҳдаи идораи а/м набаромада, ба а/м «Шевролет-Кобелт», р/д 50У638НА/УЗ, таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Додобоев Азим Маҳмудович 1977 с/т, истиқоматкунандаи вилояти Намангон, ш.Намангон, миллаташ ӯзбек, ки дар як самт ҳаракат мекарданд бархӯрда, а/м мазкур ба тарафи чапи роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 3-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи а/м тамғаи «Шевролет-Кобелт», шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Додобоев А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири а/м мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Нурматов Алишер Мамадхонович 1975 с/т, истиқоматкунандаи вилояти Намангон, маҳаллаи Тугунчӣ, кӯчаи Аэропорт х.94, миллаташ ӯзбек, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии н.Шахристон бистарӣ гардидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий