< ҲОДИСАҲОИ НОХУШ ҲАНГОМИ ОББОЗӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАҲОИ НОХУШ ҲАНГОМИ ОББОЗӢ

ҲОДИСАҲОИ НОХУШ ҲАНГОМИ ОББОЗӢ
29.07.2019 шаҳрванд Ҳуснияи Сӯҳроб 1999 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоргултеппа, деҳаи Мадад, ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуд, ки санаи 29.07.2019-сол тахминан соати 18.00-дақиқа бародари ноболиғаш, Розиқов Аъзам Сӯҳробович 2004 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №10, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 30.07.2019 сол соати 08.30 дақиқа ҷасади ноболиғ, Розиқов А.С. аз соҳили дарёи “Кофарниҳон”, воқеъ дар ҳудуди ҷ/д Чоргултеппа, деҳаи Чорсӯ бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Ноболиғ, Розиқов А.С. санаи 29.07.2019-сол тахминан соати 18.00-дақиқа ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Кофарниҳон” аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. 

Инчунин, 30.07.2019 тахминан соати 09.30-дақиқа ноболиғ, Дадабоев Аюбҷон Солеҳҷонович 2012  с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Роҳатӣ деҳаи Роҳатӣ, ҳангоми оббозӣ кардан дар канали обгузари деҳаашон аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий