
29.07.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Иброҳимов Ӯктамҷон Мирзоевич 1971 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Истиқлол, деҳ Сафедтеппа, кӯчаи Абдуғанӣ х.31, миллаташ ӯзбек, собиқ сардори МДК «Чашмаи Истиқлол» дастгир карда шуд. Номбурда, дар давраи фаъолияти кориаш аз санаи 03.06.2014-сол то ин ҷониб аз ваколатҳои мансабии худ сӯистифода намуда, барои гирифтани партовҳо аз сокинони ҷ/д Истиқлол 35.621-сомониро ҷамъоварӣ намуда, маблағҳои гирифтаашро ба суратҳисоби муассиса ворид накарда, азхуд намудааст. Нисбати шаҳрванд Иброҳимов Ӯ.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)