< ДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД
30.07.2019 шаҳрванд Мирзоев Бурҳон Тағоевич 1954 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Гузарбоғ х.26 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-2 муроҷиат намуд, ки санаи 29.07.2019-сол тахминан соати 17.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии писараш, Мирзоев Диловар Бурҳонович, воқеъ дар ҷ/д Россия, деҳаи Қуштеппа х.2 даромада аз он ҷо лавозимоти рӯзғорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3.900-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Ҳайталиев Русланбек Шомуродович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Н.Хусрав, ҷ/д Истиқлол, деҳаи Олтинсой, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуда, тафтишот идома дорад.

30.07.2019 шаҳрванд Фозилова Назира Аскаровна 1990 с/т, истиқоматкунандаи маҳаллаи 8-ум, х.69 ҳ.48, миллаташ точик, бекор ба ШВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки 24.06.2019-сол тахминан соати 05:00-дақиқа ҳангоми дар толори дилхушии «Хваканта»-и ш.Хуҷанд қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз болои миз 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси С-8»-ро, ки арзишаш 5500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Акбаров Насимҷон Саиднозимович 1988 с/т, истиқоматкунандаи н.Б.Ғафуров, ҷ/д Д.Холматов, кӯчаи Боғбон х.24, миллаташ тоҷик дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Акбаров Н.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий